КӮМАКҲОИ ТИББИЮ ИҶТИМОӢ БА ТАБАҚАҲОИ НИЁЗМАНДИ АҲОЛӢ
Душанбе, 6 июл. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).- Бо ташаббуси Хадамоти давлатии ташхиси тиббию иҷтимоии Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 июл дар «Кохи Ватан»-и шаҳри Қурғонтеппа дар мавзӯи «Беҳтар намудани кӯмакҳои тиббию иҷтимоӣ ба табақаҳои ниёзманди аҳолӣ, аз ҷумла ба шахсони маъюб» машварати ҷумҳуриявӣ баргузор мегардад. Дар машварат масъалаҳои муҳим, аз қабили пешгирии бемориҳои хусусияти иҷтимоидошта, маъюбшавии аҳолӣ, беҳтар намудани кӯмакҳои тиббию санитарӣ, инчунин таъмини зиндагии шоистаи маъюбон баррасӣ хоҳад шуд. Дар назар аст, ки дар машварат 120 нафар олимону мутахассисони соҳаҳои мухталиф, духтурони беморхонаҳо, мутахассисони марказҳои саломатӣ, масъулони бахшҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ва намояндагони навоҳии тобеи марказ иштирок намуда, мавзӯъҳои муҳими соҳаро баррасӣ хоҳанд кард.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






