КАДОМ ЛОИҲАИ БЕҲТАРИН ДОХИЛИ «ДУШАНБЕ-ПЛАЗА»-РО ОРОИШ МЕДИҲАД?

Июль 2, 2010 14:56

Душанбе, 2 июл.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе бо мақсади  интихоби беҳтарин лоиҳаи ороиши дохилии ошёнаҳои 1-20 иншооти «Душанбе –Плаза», ки дар чорроҳаи хиёбони Рӯдакӣ ва кӯчаҳои Бохтару Бухорои пойтахт сохта шуда истодааст,  озмун эълон менамояд. Ҳадаф аз баргузории озмун ба талаботи муосири меъморӣ мувофиқ намудани ороиши дохилии  иншооти «Душанбе-Плаза» мебошад. Довталабони озмун имкон доранд лоиҳаи ороиши дохилии иншооти «Душанбе Плаза» -ро аз рӯйи таъиноту рангҳои мувофиқ (ба ғайр аз рекреатсия, утоқи муҳофизат аз сӯхтор, ҷойи ба лифт даромадан, қисмати танзимкунӣ (диспетчерӣ), ҷойи борборкунӣ ба лифт), мувофиқи нақшаи пешниҳодгардида дар албоми ҳаҷмаш на кам аз формати А3 то 21 июли соли равон ба Раёсати сохтмони асосии шаҳри Душанбе пешниҳод созанд. Озмун дар як давра гузаронида мешавад. Довталабе ғолиби озмун эътироф мегардад, ки агар лоиҳаи ороишии он ба шартҳои озмун пурра ҷавобгӯй буда,  хусусиятҳои навоварӣ дошта бошад.          

Июль 2, 2010 14:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!