КАДОМ ЛОИҲАИ БЕҲТАРИН ДОХИЛИ «ДУШАНБЕ-ПЛАЗА»-РО ОРОИШ МЕДИҲАД?
Душанбе, 2 июл.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе бо мақсади интихоби беҳтарин лоиҳаи ороиши дохилии ошёнаҳои 1-20 иншооти «Душанбе –Плаза», ки дар чорроҳаи хиёбони Рӯдакӣ ва кӯчаҳои Бохтару Бухорои пойтахт сохта шуда истодааст, озмун эълон менамояд. Ҳадаф аз баргузории озмун ба талаботи муосири меъморӣ мувофиқ намудани ороиши дохилии иншооти «Душанбе-Плаза» мебошад. Довталабони озмун имкон доранд лоиҳаи ороиши дохилии иншооти «Душанбе Плаза» -ро аз рӯйи таъиноту рангҳои мувофиқ (ба ғайр аз рекреатсия, утоқи муҳофизат аз сӯхтор, ҷойи ба лифт даромадан, қисмати танзимкунӣ (диспетчерӣ), ҷойи борборкунӣ ба лифт), мувофиқи нақшаи пешниҳодгардида дар албоми ҳаҷмаш на кам аз формати А3 то 21 июли соли равон ба Раёсати сохтмони асосии шаҳри Душанбе пешниҳод созанд. Озмун дар як давра гузаронида мешавад. Довталабе ғолиби озмун эътироф мегардад, ки агар лоиҳаи ороишии он ба шартҳои озмун пурра ҷавобгӯй буда, хусусиятҳои навоварӣ дошта бошад.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






