КАФОЛАТИ БАРГАРДОНДАНИ ХАТМКУНАНДАГОН БА ВАТАН ВУҶУД НАДОРАД

Июль 16, 2010 12:23

Душанбе, 16 июл. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Ректори Донишгоҳи давлатии фарҳанг ва ҳунари шаҳри Москваи Федератсияи Россия Рамазон Абдулатипов дар тайёр кардани мутахассисони ҷавони Тоҷикистон таваҷҷӯҳи зиёд дорад. Бино ба иттилои ректори Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода Аслиддни Низомов, айни ҳол дар Донишгоҳи давлатии фарҳанг ва ҳунари шаҳри Москва 14 нафар донишҷӯёни ҶТ таҳсил доранд. Тибқи шартномаи ҳамкории ин ду макотиби олӣ соли ҷорӣ боз 2 нафар довталаб бо роҳхати Донишкадаи санъати Тоҷикистон ба мактаби олии Россия фиристода шуданд. -Зимни сафар  ба Тоҷикистон Р. Абдулатипов изҳор намудааст, ки тайёр аст, ҷавонони боистеъдод ва донандагони хуби забони русиро ҳамасола бо теъдоди барои Тоҷикистон зарур ба донишгоҳи мазкури шаҳри Москва қабул намояд,- гуфт зимни сӯҳбат Аслиддин Низомов ба хабарнигори АМИТ «Ховар». Аммо  бояд тазаккур дод, ки хатмкунадагони соҳаи фарҳанг ва санъати Тоҷикистон, ки дар макотиби олии  хориҷи кишвар ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, хавфи ба ватан барнагаштанро доранд, зеро қонуни ба чумҳурӣ баргардондани хатмкунандагони макотиби олии хориҷи кишвар вуҷуд надорад. Ин дар ҳолест, ки айни замон дар ҷумҳурӣ беш аз 6 ҳазор нафар мутахассисони соҳа намерасанд,- афзуд ректори Донишкадаи санъати Тоҷикистон А. Низомов.

Июль 16, 2010 12:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!