КАФОЛАТИ БАРГАРДОНДАНИ ХАТМКУНАНДАГОН БА ВАТАН ВУҶУД НАДОРАД
Душанбе, 16 июл. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Ректори Донишгоҳи давлатии фарҳанг ва ҳунари шаҳри Москваи Федератсияи Россия Рамазон Абдулатипов дар тайёр кардани мутахассисони ҷавони Тоҷикистон таваҷҷӯҳи зиёд дорад. Бино ба иттилои ректори Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода Аслиддни Низомов, айни ҳол дар Донишгоҳи давлатии фарҳанг ва ҳунари шаҳри Москва 14 нафар донишҷӯёни ҶТ таҳсил доранд. Тибқи шартномаи ҳамкории ин ду макотиби олӣ соли ҷорӣ боз 2 нафар довталаб бо роҳхати Донишкадаи санъати Тоҷикистон ба мактаби олии Россия фиристода шуданд. -Зимни сафар ба Тоҷикистон Р. Абдулатипов изҳор намудааст, ки тайёр аст, ҷавонони боистеъдод ва донандагони хуби забони русиро ҳамасола бо теъдоди барои Тоҷикистон зарур ба донишгоҳи мазкури шаҳри Москва қабул намояд,- гуфт зимни сӯҳбат Аслиддин Низомов ба хабарнигори АМИТ «Ховар». Аммо бояд тазаккур дод, ки хатмкунадагони соҳаи фарҳанг ва санъати Тоҷикистон, ки дар макотиби олии хориҷи кишвар ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, хавфи ба ватан барнагаштанро доранд, зеро қонуни ба чумҳурӣ баргардондани хатмкунандагони макотиби олии хориҷи кишвар вуҷуд надорад. Ин дар ҳолест, ки айни замон дар ҷумҳурӣ беш аз 6 ҳазор нафар мутахассисони соҳа намерасанд,- афзуд ректори Донишкадаи санъати Тоҷикистон А. Низомов.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






