ЛОИҲАҲОИ НАВ АМАЛӢ МЕГАРДАНД

Июль 26, 2010 14:42

Душанбе, 26 июл. (АМИТ  «Ховар»,  Назокат Қодирова).- Дар нимсолаи  аввали соли 2010 аз тарафи  «Маркази идораи  лоиҳаи барқарорсозии  системаҳои  ирригатсионӣ»-и Вазорати мелиоратсия ва захираҳои  оби ҷумҳурӣ 52  адад механизм  ва нақлиёти гуногунтамғаи  нав харида шуд,ки  дар бартараф  намудани   оқибатҳои офати табиӣ  дар шаҳру  ноҳияҳои   минтақаи Кӯлоб  истифода бурда шуда,  дар ҳаҷми  1463,6 ҳазор сомонӣ  корҳоро иҷро намуданд. Дар ин самт 360  нафар кормандони  ташкилоту корхонаҳои  Вазорат саҳм  гузоштанд. Бо мақсади мӯътадил  намудани  вазъи соҳа  дар назди Вазорат  марказҳои  татбиқи  лоиҳаҳо, аз ҷумла  Марказҳои  идораи  татбиқи  лоиҳаҳои  «Барқарорсозии кишоварзӣ», « Барқарорсозии системаҳои  ирригатсионӣ», «  Идоракунии захираҳои  обии водии  Фарғона», «Обёрии заминҳои Данғара» ва « Идоракунии хавфи обхезӣ  дар вилояти  Хатлон»  ба маблағи  145,9 млн. доллари амрикоӣ  татбиқ  шуда  истодаанд. Аз аввали татбиқи  лоиҳаҳо  азхудкунии  ин маблағҳо  дар шаш моҳи  соли 2010 6,2млн. доллари  амрикоӣ ё 102 фоизи нақшаро  ташкил медиҳад. Амалӣ гаштани  лоиҳаҳои  мазкур имкон  медиҳад, ки  вазъи бо об  таъмин намудани  аҳолӣ, хоҷагиҳо ва дигар  корхонаю муассисот беҳтар гардад.    

Июль 26, 2010 14:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад