МАҶЛИСИ ГУРӮҲИ КОРИИ МУШТАРАКИ ҶТ ВА РУСИЯ
Сочи, 7 июл. (АМИТ «Ховар»). — Корманди Хадамоти муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Олга Сенчук ба АМИТ «Ховар» хабар дод, ки дар шаҳри Сочии кишвари Краснодар маҷлиси навбатии панҷуми гурӯҳи муштараки кории Тоҷикистон ва Русия дар масъалаи муҳоҷирати меҳнатӣ баргузор гардид. Маҷлис дар доираи Созишномаи ҳукуматҳои Тоҷикистону Русия дар бораи фаъолияти меҳнатӣ ва ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандони Русия дар Тоҷикистон ва фаъолияти меҳнатию ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия гузаронида шуд. Дар маҷлис мутахассисони Хадамоти муҳоҷирати ВКД Тоҷикистон таҳти роҳбарии сардори Хадамоти мазкур Сафиаллоҳ Девонаев ширкат варзиданд. Дар муҳокимаи масъалаҳои рӯзнома намояндагони Хадамоти муҳоҷирати Федератсияи Русия, маъмурияти хишвари Краснодар ва шаҳри Сочи иштирок намуданд. С.Девонаев баъди маҷлис бо раиси шаҳри Сочи Анатолий Николаевич Пахомов ва муовини сардори Раёсати корҳои дохилии шаҳр Александр Павлович Бирилло мулоқотҳо анҷом дод. Ҳадафи маҷлис муқаррар намудани нақшаҳои стратегии ҳамкорӣ, амалӣ сохтани пешниҳодҳои ҳар ду ҷониб дар масъалаи муҳоҷирати меҳнатӣ ва ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандони Тоҷикистону Русия дар мамлакатҳои ҳамдигар мебошад. Иштирокчиёни маҷлис баъди анҷоми он ҷараёни сохтмони иншоотҳои варзиширо дар шаҳри Сочи аз назар гузарониданд, ки ба истиқболи бозиҳои олим пии соли 2014 сохта мешаванд. Роҳбарони масъули идораҳои сохтмонӣ дар бораи муҳоҷирони меҳнатии тоҷик бо ҳисси эҳтиром сухан ронда, ба меҳнатдӯстӣ, боинтизомӣ ва хушахлоқии онҳо баҳои баланд доданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






