МАВОДИ МУХАДДИР БА ИСТЕЪМОЛКУНАНДААШ НАРАСИД
Душанбе, 23 июл. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова).- Гурӯҳи зудамали Агентии мубориза бар зидди маводи мухаддири назди Президенти ҶТ пеши роҳи интиқоли миқдори калони маводи мухаддир аз Тоҷикистон ба Русияро гирифт. Дар натиҷаи амалиёти махсус аз дастгиршудагон ба миқдори 10 кг маводи мухаддир мусодира гардид. Тавре аз маркази матбуоти Агентии мубориза бар зидди маводи мухаддир хабар доданд, ин гурӯҳи муташаккил, ки маводи мухадирро аз Афғонистон ба маркази ҷумҳурӣ интиқол медоданд, баъди муддати тӯлонӣ ба даст афтоданд. Ҳамин тавр, 20 июли соли ҷорӣ зимни гузаронидани ин амалиёт дар ҳудуди шаҳри Душанбе бо гумони даст доштан дар қочоқи маводи мухаддир аз ҷониби кормандони Агентӣ шаҳрванди 25 сола Р. Х. дастгир шуд. Зимни кофтуков аз ӯ 11 бастаи маводи хамирмонанд бо бӯи махсус дарёфт гардид. Маводи мухаддирро Р. Х. аз шаҳрванди Давлати Исломии Афғонистон бо мақсади берун аз ҷумҳурӣ баровардан гирифтааст. Аз рӯи далели мазкур шӯъбаи кофтукови Агентӣ тибқи моддаи 200 (қ. 4) «Дар бораи ғайриқонунӣ нигоҳ доштани ғайриқонунии миқдори калони маводи мухаддир» парвандаи ҷиноӣ кушода аст. Агар дастгиршуда дар мурофиаи судӣ гунаҳкор дониста шавад, ӯ аз 12 то 20 сол аз озодӣ маҳрум гашта, амволаш мусодира мегардад.








Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






