МАВОДИ МУХАДДИР БА ИСТЕЪМОЛКУНАНДААШ НАРАСИД

Июль 23, 2010 15:13

Душанбе, 23 июл. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова).- Гурӯҳи зудамали Агентии мубориза бар зидди маводи мухаддири назди Президенти ҶТ пеши роҳи интиқоли миқдори калони маводи мухаддир аз Тоҷикистон ба Русияро  гирифт. Дар натиҷаи амалиёти махсус аз дастгиршудагон ба миқдори 10 кг маводи мухаддир мусодира гардид. Тавре аз маркази матбуоти  Агентии мубориза бар зидди маводи мухаддир хабар доданд, ин гурӯҳи муташаккил, ки маводи мухадирро аз Афғонистон ба маркази ҷумҳурӣ интиқол медоданд, баъди муддати тӯлонӣ ба даст афтоданд. Ҳамин тавр, 20 июли соли ҷорӣ зимни гузаронидани ин амалиёт дар ҳудуди шаҳри Душанбе бо гумони даст доштан дар қочоқи маводи мухаддир аз ҷониби кормандони Агентӣ шаҳрванди 25 сола Р. Х. дастгир шуд. Зимни кофтуков аз ӯ 11 бастаи маводи хамирмонанд бо бӯи махсус дарёфт гардид. Маводи мухаддирро Р. Х. аз шаҳрванди Давлати Исломии Афғонистон бо мақсади берун аз ҷумҳурӣ баровардан гирифтааст.  Аз рӯи далели мазкур шӯъбаи кофтукови Агентӣ тибқи моддаи 200 (қ. 4) «Дар бораи ғайриқонунӣ нигоҳ доштани ғайриқонунии миқдори калони маводи мухаддир» парвандаи ҷиноӣ кушода аст. Агар дастгиршуда дар мурофиаи судӣ гунаҳкор дониста шавад, ӯ аз 12 то 20 сол аз озодӣ маҳрум гашта, амволаш мусодира мегардад.    

Июль 23, 2010 15:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид