МУЛОҚОТИ Э. РАҲМОН БО ТСЗО СЮЕЛЯН
7 июли соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Тоҷикистон Тсзо Сюелянро бинобар анҷом ёфтани мўҳлати сафириаш дар кишвари мо ба ҳузур пазируфт. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти сесолаи Тсзо Сюелян ба ҳайси сафири Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Тоҷикистон баҳои баланд дод. Таъкид гардид, ки дар ин давра дар самти татбиқи лоиҳаҳои сершумори Тоҷикистону Чин, хусусан дар соҳаҳои энергетика, саноати кўҳӣ ва нақлиёту коммуникатсия, ки аз самтҳои муҳими ҳамкории ду кишвар ба шумор мераванд, корҳои зиёд ба сомон расиданд. Тсзо Сюелян дар навбати худ изҳор дошт, ки минбаъд низ баҳри таҳким ва густариши минбаъдаи ҳамкории гуногунҷанбаи ду кишвар ҷаҳду талоши худро дареғ нахоҳад дошт. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






