НАШЪУНАМОИ ПАХТА БАЪДИ КИШТИ ТАКРОРӢ

Июль 1, 2010 08:33

Душанбе, 1 июл. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои фаврии Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзӣ, соли ҷорӣ тибқи дурнамои вазорат, бояд дар майдони 183 ҳазор гектар кишти пахта гузаронида мешуд, аммо бо баъзе сабабҳои субективӣ нақшаи кишт ҳамагӣ 90 фоиз (164503 гектар) иҷро гардидааст. Боис ба ёдоварист, ки бо сабаби номусоидии обу ҳавои имсола нафақат иҷрои дурнамо амалӣ нагашт, балки майдони 7355 гектар замини чигити киштшуда аз борону жола зарар дид ва  дар ин масоҳат  аз нав кишти такрории чигит гузаронида шуд. Айни замон сабзиши пахта дар  майдони 163 ҳазору 855 гектар хуб аст. Тибқи  чорабиниҳои агротехники  гузаронидашуда, то 28 –уми июн дар майдони 417 ҳазору 707 гектар (ду маротиба) коркарди байни қаторҳо, дар масоҳати 175 ҳазору 816 (як маротиба) озуқадиҳӣ ва дар масоҳати 110 ҳазор (70 фоиз) гектар оби сабзиш дода шудааст, ки  73 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.

Июль 1, 2010 08:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад