ОҚИЛ ОҚИЛОВ БА ХАТЛОН РАФТ
Қӯрғонтеппа, 7 июл. (АМИТ «Ховар», Мурод Сотиев). — Гурӯҳи кории Ҳукумати мамлакат таҳти роҳбарии Сарвазири ҷумҳурӣ Оқил Оқилов ба як қатор шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон сафар кард. Гурӯҳи корӣ дар давоми се рӯз бо фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонӣ, ҷараёни сохтмони баъзе иншоот ва фаъолияти хоҷагиҳои об шинос гардида, аз баъзе корхонаҳои саноатӣ боздид ба амал меорад. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки ба ҳайати гурӯҳ роҳбарони баъзе вазорату идораҳо шомиланд. Аъзои гурӯҳ зимни сафар ба ноҳияҳои Шаҳритус, Қубодиён, Носири Хисрав, Панҷ, Қумсангир, Ёвон, Ҷалолиддини Румӣ ва шаҳри Қӯрғонтеппа хоҳанд рафт.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






