ПРЕЗИДЕНТИ НАВИ ЛАҲИСТОН
Душанбе, 5 июл. (АМИТ «Ховар»). — Иҷрокунандаи вазифаи президенти Лаҳистон, раиси Сейми ин мамлакат Бронислав Коморовский дар интихоботи ғайринавбатии Президенти Лаҳистон ғалаба ба даст овард. Ёдовар мешавем, ки президенти собиқи Лаҳистон Лех Качинский аввали моҳи апрел дар натиҷаи фалокати ҳавопаймо дар наздикии Смоленск ба ҳалокат расида буд. Хабар дода мешавад, ки дар Лаҳистон то ҳол на ҳамаи варақаҳои овоздиҳӣ ҳисоб карда шудаанд, бо вуҷуди ин аллакай маълум гардид, ки маҳз Коморовский президенти ҷумҳурӣ интихоб гардидааст. Бародари президенти ҳалокшудаи Лаҳистон Ярославл Качинскиӣ ба шикасташ дар интихобот иқрор гардида, Коморовскийро табрик намуд. Ёдовар мешавем, ки дар даври аввали интихобот ягон номзад миқдори зарурии овозҳоро ба даст оварда натавонист. Бинобар ин зарурати гузаронидани даври дуюми интихобот ба миён омад. Ҳам Качинский ва ҳам Комороский дар ҷараёни мулоқот бо интихобкунандагон дар бораи ҳимояи манфиатҳои Лаҳистон дар доираи Иттиҳоди Аврупо, зарурати беҳтар сохтани шароити зиндагӣ, қатъ намудани муноқишаҳои дохилӣ ва ғайра сухан меронданд.








Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!






