ПРЕЗИДЕНТИ НАВИ ЛАҲИСТОН

Июль 5, 2010 15:42

Душанбе,  5 июл. (АМИТ «Ховар»). —  Иҷрокунандаи  вазифаи  президенти  Лаҳистон,  раиси  Сейми  ин  мамлакат  Бронислав  Коморовский  дар  интихоботи ғайринавбатии  Президенти  Лаҳистон  ғалаба  ба  даст  овард. Ёдовар  мешавем, ки  президенти  собиқи  Лаҳистон Лех Качинский  аввали  моҳи  апрел  дар  натиҷаи  фалокати  ҳавопаймо  дар  наздикии  Смоленск  ба  ҳалокат  расида буд. Хабар  дода  мешавад, ки  дар  Лаҳистон то  ҳол  на  ҳамаи  варақаҳои  овоздиҳӣ  ҳисоб  карда шудаанд,  бо  вуҷуди  ин аллакай  маълум  гардид, ки   маҳз Коморовский  президенти  ҷумҳурӣ  интихоб  гардидааст.  Бародари   президенти  ҳалокшудаи  Лаҳистон  Ярославл  Качинскиӣ  ба  шикасташ  дар  интихобот  иқрор  гардида,  Коморовскийро   табрик  намуд. Ёдовар  мешавем, ки  дар  даври  аввали  интихобот ягон  номзад  миқдори  зарурии  овозҳоро  ба  даст  оварда  натавонист. Бинобар  ин  зарурати  гузаронидани  даври  дуюми  интихобот  ба  миён  омад. Ҳам  Качинский  ва  ҳам   Комороский  дар  ҷараёни   мулоқот  бо  интихобкунандагон дар  бораи  ҳимояи  манфиатҳои  Лаҳистон  дар  доираи  Иттиҳоди  Аврупо,  зарурати  беҳтар  сохтани  шароити   зиндагӣ,  қатъ  намудани  муноқишаҳои  дохилӣ  ва  ғайра  сухан  меронданд.

Июль 5, 2010 15:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид