ШӮЪБАИ НАВИ ДОНИШГОҲ
Душанбе, 16 июл. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина). — Мувофиқи қарори вазирони маориф ва илми панҷ давлат – Русия, Чин, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон Донишгоҳи шабакавии Созмони ҳамкории Шанхай кушода хоҳад шуд. Дар он аз рӯи ихтисосҳои «Минтақашиносӣ», «Экология», «Энергетика», «Нанотехнология» ва «Технологияи олӣ» мутахассисон тайёр карда мешаванд. Дар Тоҷикистон мутахассисони соҳаи минтақашиносӣ дар Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия, Донишкадаи давлатии забонҳои ба номи С.Улуғзода ва Донишгоҳи давлатии «Ҳуқуқ, тиҷорат ва сиёсат» — и шаҳри Хуҷанд тайёр карда хоҳанд шуд. Донишҷӯёни тоҷик соли аввал дар шӯъбаҳои «Муносибатҳои байналхалқӣ» ва «Забономӯзӣ» — и Донишгоҳи давлатии Маскав таҳсил мекунанд. Бо ин мақсад дар Донишгоҳи мазкур барои донишҷӯёни тоҷик 10 ҷой ҷудо карда шудааст. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки шӯъбаи магистратура аз рӯи ихтисоси «Минтақашиносӣ» дар кафедраи «Таърих ва назарияи муносибатҳои байналхалқӣ» — и Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия дар давоми соли равон кушода мешавад. Бинобар ин донишҷӯён соли дуюм метавонанд таҳсилро дар донишгоҳи худ давом диҳанд. Дар ин бора сардори раёсати таълимии донишгоҳ Абдусалом Валиев хабар дод, ки ҳамоҳангсози Донишгоҳи шабакавии СҲШ аз Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия мебошад.