ШӮЪБАИ НАВИ ДОНИШГОҲ

Июль 16, 2010 12:37

Душанбе,  16 июл. (АМИТ «Ховар», Людмила  Дубинина). —   Мувофиқи  қарори  вазирони  маориф  ва  илми  панҷ  давлат – Русия, Чин,  Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон  Донишгоҳи  шабакавии  Созмони   ҳамкории  Шанхай кушода  хоҳад  шуд. Дар он аз  рӯи  ихтисосҳои «Минтақашиносӣ», «Экология», «Энергетика»,  «Нанотехнология» ва «Технологияи  олӣ» мутахассисон тайёр  карда  мешаванд. Дар  Тоҷикистон мутахассисони  соҳаи  минтақашиносӣ дар  Донишгоҳи  славянии  Тоҷикистону  Русия,  Донишкадаи  давлатии  забонҳои ба  номи  С.Улуғзода ва Донишгоҳи давлатии «Ҳуқуқ, тиҷорат ва  сиёсат» — и  шаҳри  Хуҷанд  тайёр  карда  хоҳанд  шуд.  Донишҷӯёни тоҷик  соли  аввал  дар  шӯъбаҳои  «Муносибатҳои  байналхалқӣ» ва «Забономӯзӣ» — и  Донишгоҳи давлатии  Маскав  таҳсил  мекунанд. Бо  ин  мақсад  дар  Донишгоҳи  мазкур  барои  донишҷӯёни тоҷик  10  ҷой  ҷудо  карда шудааст. Мухбири  АМИТ «Ховар»  хабар  медиҳад, ки   шӯъбаи  магистратура  аз  рӯи  ихтисоси «Минтақашиносӣ»  дар   кафедраи «Таърих ва  назарияи муносибатҳои байналхалқӣ» — и  Донишгоҳи  славянии   Тоҷикистону  Русия  дар  давоми  соли равон  кушода  мешавад. Бинобар  ин  донишҷӯён  соли  дуюм  метавонанд  таҳсилро  дар  донишгоҳи  худ  давом  диҳанд.  Дар  ин  бора  сардори  раёсати  таълимии   донишгоҳ  Абдусалом  Валиев  хабар  дод, ки   ҳамоҳангсози Донишгоҳи  шабакавии  СҲШ   аз Донишгоҳи  славянии  Тоҷикистону  Русия  мебошад.    

Июль 16, 2010 12:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар