ШАҲРДОРИ ДУШАНБЕ БАЛАНДШАВИИ НАРХҲОРО ҶИЛАВГИРӢ МЕНАМОЯД

Июль 29, 2010 10:59

Душанбе, 29 июл. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-«Барои ҷилавгирӣ аз баланд гардидани нархи маҳсулоти истеъмолӣ ва аз  байн бурдани унсурҳои  номатлуби монополистӣ, яъне онҳое, ки ба таври стихиявӣ (номуташаккил)  дар болоравии нарх дар бозорҳои пойтахт дар  моҳи шарифи Рамазон  таъсир мерасонанд,  аз ҷониби шаҳрдории Душанбе тадбирҳои мушаххас андешида мешавад. Назар ба иттилои котиби матбуотии Раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов, масъалаи ба  танзим даровардани нархи маҳсулоти истеъмолӣ дар моҳи шарифи Рамазон дар ҷаласаи шаҳрдорӣ, ки бо иштироки  масъулини сохторҳои дахлдори шаҳрӣ, раисони Комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе  доир гашт,  баррасӣ шуд. Дар пойтахт ба ғайр аз он бозорҳое, ки дар тобеъияти КВД «Савдо ва бозорҳои шаҳри Душанбе» қарор  доранд, боз як чанд адад бозорҳои хусусӣ фаъолият дошта, ҳамзамон бо иқдоми шаҳрдорӣ беш аз 100 гӯшаи деҳқон дар ҳудуди маҳаллаю шаҳракҳои пойтахт ташкил карда шудааст. Гӯшаҳои деҳқон ба мардуми пойтахт бидуни миёнаравон маҳсулоти хӯроквориро бо нархи нисбатан арзон дастрас менамоянд. Ҷиҳати ба танзим даровардани нархи маҳсулот дар муддати ду ҳафта фаъолияти Раёсати савдо ва бозорҳои шаҳр аз ҷониби Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе мавриди санҷиш қарор дода мешавад. Сухангӯи Раиси шаҳр афзуд, ки ҳамасола дар арафаи моҳи шарифи Рамазон аз ҷониби шаҳрдории  пойтахт бо ҷалби тамоми субъектҳои  хоҷагидоре, ки дар фаъолияти хизматрасонӣ  дар бозори истеъмолии пойтахт саҳм мегузоранд,  ҷаласа гузаронида шуда, ба онҳо тавсия дода мешавад, ки нархи маҳсулоти ба фурӯш гузошташавандаро дар доираи инсоф, ки аз беҳтарин рисолати мусулмонон аст, ба танзим дароранд. Зеро моҳи Рамазон моҳи хайру сахо  ва ҳиммату баракат аст.

Июль 29, 2010 10:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад