СОХТМОНИ НЕРӮГОҲИ «ШИРҒ — 2» ДАР ДАРВОЗ

Июль 9, 2010 09:54

Душанбе, 9 июл. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Сохта ба истифода дода шудани ҳар як иншооти нав, ки ба беҳшавии ҳаёти моддию маишии мардуми  ноҳияи Дарвоз оварда расонидааст, шукрона аз самари истиқлол аст,-мегӯяд профессор – табиб ва гиёҳшиноси  тоҷик Юсуф Нуралиев. Дар давоми сею ним соли охир ба истифода додани 54 адад иншооти хурду бузург далели ин гуфтаҳост. Соли ҷорӣ дар паҳлӯи нерӯгоҳи барқи обии «Ширғ -1» хишти нави сохтмони нерӯгоҳи барқи обии «Ширғ -2» бо иқтидори 594 кВт/ соат  гузошта шуд, ки он  то ҷашни Наврӯзи соли 2011 сохта ба истифода дода мешавад. Боиси тазаккур аст, ки соли 2008  сохтмони нерӯгоҳи «Ширғ-1» оғоз ёфт ва моҳи октябри соли 2009 ин нерӯгоҳ бо иқтидори 1 ҳазору 260 кВт/соат ба истифода дода шуд, ки  дар чор фасли сол сокинони ноҳияи Дарвозро бо барқи доимӣ таъмин менамояд. Дар сурати ба кор даромадани нерӯгоҳи нав дар деҳаи Ширғ як қисми аҳолии ноҳияи Ванҷ низ бо барқи доимӣ таъмин мегардад.  

Июль 9, 2010 09:54

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид