ТАЪТИЛИ ТОБИСТОНАИ МАКТАББАЧАҲО ЧӢ ГУНА МЕГУЗАРАД?
Душанбе, 7 июл.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Имрӯз дар лагерҳои истироҳатӣ ва наздимактабии пойтахт басти дуюми истироҳати тобистонаи мактаббачагон оғоз ёфт. Сардори Раёсати маорифи шаҳри Душанбе Шамсулло Исломов иттилоъ дод, ки дар басти якуми таътили тобистона беш аз 1000 нафар мактаббачагони пойтахт дар лагерҳои истироҳатии Зимчуруд, Шарора, Орзу ва Гулхан, ки дар дараи зебоманзари Варзоб воқеанд, ба истироҳат фаро гирифта шуданд. Ин лагерҳо дар тавозуни чор ноҳияи пойтахт қарор доранд. Дар 38 лагери наздимактабии пойтахт бошад 1500 нафар толибилмон истироҳат карданд. Ш. Исломов афзуд, дар лагерҳои истироҳатӣ тамоми шароити мусоиди истироҳатию фароғатӣ ва варзишӣ фароҳам оварда шуда, мактаббачагон чор вақт бо хӯроки гарм таъмин карда мешаванд. Бо мақсади хушу хотирмон гузаштани таътили тобистонаи бачаҳо Раёсати маорифи шаҳри Душанбе тадбирҳои мушаххас андешидааст. Дар назар аст, ки дар басти саввум бачаҳои болаёқати гимназияю литсейҳои шаҳр ба истироҳат фаро гирифта мешаванд. Инчунин, мактаббачагони пойтахт дар дигар лагеру истироҳатгоҳҳои тобистонаи воқеъ дар дараҳои хушманзараи Варзоб, Ромит ва Алмосӣ таътили тобистонаи худро хушу гуворо мегузаронанд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






