1 СЕНТЯБР МУЖДА АЗ СОЛИ НАВИ ТАҲСИЛ

Август 31, 2010 10:59

Душанбе, 31 август.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Пагоҳ дар саросари ҷумҳурӣ соли нави таҳсили 2010-2011 оғоз ёфта, садои занги аввал тамоми толибилмонро  паси мизи мактабӣ даъват менамояд. Тибқи иттилои сардори маркази матбуоти Вазорати маорифи ҷумҳурӣ Ноилшо Нуралиев дар соли равон  беш аз 1 миллиону 600 ҳазор талаба дар  3780 мактаби таҳсилоти умумии кишвар ба таҳсил фаро гирифта мешаванд, ки аз он 167 000 нафарашон  хонандагони синфи якум буда,  бори нахуст ба остонаи дабистон қадам мегузоранд. Ноилшо Нуралиев афзуд, ки тӯли солҳои охир маҳз бо ғамхории роҳбарияти Ҳукумати ҷумҳурӣ дар соҳаи маорифи кишвар дастовардҳои беназир ба чашм мерасанд. Танҳо дар зарфи як сол – аз моҳи сентябри соли 2009 то сентябри 2010 дар минтақаҳои гуногуни  ҷумҳурӣ 184 мактаб барои  35 ҳазор ҷойи нишаст ба истифода дода шуд, ки ба рушди соҳаи маориф дар  кишвар мусоидат менамояд.

Август 31, 2010 10:59

Хабарҳои дигари ин бахш

29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад