1 СЕНТЯБР МУЖДА АЗ СОЛИ НАВИ ТАҲСИЛ
Душанбе, 31 август.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Пагоҳ дар саросари ҷумҳурӣ соли нави таҳсили 2010-2011 оғоз ёфта, садои занги аввал тамоми толибилмонро паси мизи мактабӣ даъват менамояд. Тибқи иттилои сардори маркази матбуоти Вазорати маорифи ҷумҳурӣ Ноилшо Нуралиев дар соли равон беш аз 1 миллиону 600 ҳазор талаба дар 3780 мактаби таҳсилоти умумии кишвар ба таҳсил фаро гирифта мешаванд, ки аз он 167 000 нафарашон хонандагони синфи якум буда, бори нахуст ба остонаи дабистон қадам мегузоранд. Ноилшо Нуралиев афзуд, ки тӯли солҳои охир маҳз бо ғамхории роҳбарияти Ҳукумати ҷумҳурӣ дар соҳаи маорифи кишвар дастовардҳои беназир ба чашм мерасанд. Танҳо дар зарфи як сол – аз моҳи сентябри соли 2009 то сентябри 2010 дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ 184 мактаб барои 35 ҳазор ҷойи нишаст ба истифода дода шуд, ки ба рушди соҳаи маориф дар кишвар мусоидат менамояд.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






