ҶАЛБИ ДУБОРАИ ОМӮЗГОРОН БА МАКТАБ
Хорӯғ, 31 август. (АМИТ «Ховар», Л. Додо) — Ба қавли коршиносон имрӯз пешрафти соҳаи маориф бидуни кӯмак ва дастгирии аҳли ҷомеа, баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия ва ба мактаб ҷалб кардани омӯзгорони соҳибтаҷриба ғайриимкон аст. Ассотсиатсияи созмони ҷамъиятии «Волидон ва омӯзгорони мактаби рақами №7-и шаҳри Хорӯғ» бо ширкати сарварони мактабҳои шаҳр, раисони маҳаллаҳо ва омӯзгорони соҳибтаҷриба бо мақсади ҷалби таваҷҷӯҳи ҷомеа ба мактаб семинар баргузор намуд. Дар семинар зикр гардид, ки дар чанд соли охир агарчи биноҳои нави замонавӣ бунёд гардида, биноҳо таъмир шуданд, вале таъмини мактабҳо бо омӯзгорони соҳибтаҷриба мувофиқи талаб нест. Он омӯзгороне, ки дониши баланд ва таҷрибаи кофӣ доранд, таълимгоҳҳоро бо сабабҳои гуногун тарк кардаанд. Ба хотири дубора ба мактаб ҷалб намудани онҳо бояд ҷомеа, аз ҷумла волидон, сарпарастон ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ саҳм гузоранд.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






