ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ҒАЛЛА

Август 11, 2010 16:10

Душанбе, 11 август. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).-Тибқи маълумоти фаврии Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзӣ соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ масоҳати ғаллазори мамлакат 333 ҳазору 100 гектар буда, то санаи 09.08.10 масоҳати  245799 (73,8% ) гектари он даравида шудааст. Аз ин ҷумла ғаллаи 232510 гектари он кўфта шудааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта  15118 гектар зиёд мебошад. Ҳосили умумӣ айни ҳол 532300 тоннаро ташкил медиҳад, ки нисбат ба соли сипаригардида 28563 тонна кам аст. Ҳосилнокӣ аз як гектар 22,9 сентнериро ташкил медиҳад. Миқдори умумии комбайнҳои ғалладарав дар ин мавсим ҳамагӣ 950 адад буда,  411 адади он машғули дарави ғалла мебошанд. Дар ҷумҳурӣ дар майдони 242274 гектар  кишти гандум гузаронида шуда, то имрўз майдони 204754 (84,5%) гектар  даравида шудаву,  192803 гектари он кўфта шудааст.  Ҳосили умумӣ айни замон 460082 тонна буда, нисбат ба нишондоди ҳамин давраи соли гузашта 63678 тонна камтар гардидааст. Ҳосилнокӣ бошад аз як гектар 23,9 сентнериро ташкил медиҳад.       Дар вилояти Суғд майдони кишти ғалладонагӣ ва лўбиёгиҳо ҳамагӣ 111 ҳазору 402 гектар буда, то имрўз майдони 59096 (53,0%) гектари он дарав ва кўфта шудааст. Ҳосили умумӣ 104255 тонна буда, ҳосилнокӣ аз як гектар замин ба 17,6 сентнерӣ рост меояд. Миқдори умумии комбайнҳои ғалладарав 489 адад буда,  аз он 84 ададаш машғули дарави ғалла мебошад. Майдони кишти гандум бошад 50312 гектар буда, то имрўз майдони 32936 (65,5%) гектар дарав ва кўфта шудааст. Ҳосили умумӣ 60371 тонна ва ҳосилнокӣ аз як гектар ба 18,3  сентнер баробар мебошад.  Майдони кишти ғалладонагӣ ва лўбиёгӣ дар вилояти Хатлон 151696 гектар буда, майдони 139524 (92,0%) гектари он даравида шуда,  133551  гектари он кўфта шудааст. Ҳосили умумӣ 346596 тоннаро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2176 тонна зиёд гардидааст. Ҳосилнокӣ аз як гектар ба 26,0 сентнер баробар мебошад. Миқдори умумии комбайнҳои ғалладарав 239 адад буда, 188 адади он машғули дарави ғалла мебошанд. Майдони кишти гандум бошад дар вилоят 133060 гектар буда. то имрўз майдони 128450 (96,5%) гектари он дарав шуда, 123620 гектари он кўфта шудааст.  Ҳосилнокӣ аз як гектар бошад 26,2 сентнериро ташкил дихад.   Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ майдони киштшудаи ғалла ва лўбиёгӣ 63662 гектар буда, аз он 46000 (72,3%) гектараш дарав шуда, 39204 гектари он кўфта шудааст. Ҳосили умумӣ 80480 тонна буда, ҳосилнокӣ аз як гектар ба 20,5 сентнерӣ рост меояд. Миқдори умумии комбайнҳои ғалладарав 221 адад буда, 138 адади он ба дарави ғалла равона карда шудааст.   Дар ВМКБ низ кишоварзон ба дарави ғалла ва лўбиёгиҳо оғоз намуда, аз 6340 гектар  алҳол  1179 (18,6%)  гектар заминро даравида, ҳосилнокии хар як гектарро ба 14,8 сентнерӣ расонидаанд. Айни ҳол дар тамоми хоҷагиҳои деҳқонӣ ва корхонаҳои кишоварзии ҷумҳурӣ  ҷамъоварии ҳосил муташаккилона идома дорад.   

Август 11, 2010 16:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. Имрӯз дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 8 август дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«Анор»: Вақте шунидани овоз муҳимтар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Имрӯз дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз корхонаҳои истеҳсолии ноҳияи Ёвон ба хориҷи мамлакат беш аз 134 ҳазор тонна семент содирот гардид
7 август дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Ба Тоҷикистон ба маблағи беш аз 143 миллион доллар гандум ворид карда шудааст
Ташкилоти молиявию қарзии Хатлон ба иқтисодиёт беш аз 2 миллиард сомонӣ қарзҳои бонкӣ ҷудо намудаанд
Ба Тоҷикистон ба маблағи зиёда аз 443 миллион доллар маҳсулоти нафтӣ ворид карда шудааст