АФЗОИШИ ИСТЕҲСОЛИ САБЗАВОТ ДАР РӮШОН
Рӯшон, 11 август. ( АМИТ «Ховар», Л Додо).- Ноҳияи Рӯшон нисбат ба навоҳии дигари ВМКБ барои рушди соҳаи сабзавоткориву боғдорӣ шароити беҳтарро соҳиб аст, зеро ҳам замини зиёди корам дораду ҳам оби фаровон. Соли 2009 дар ноҳия дар майдони 201 гектар картошка ва 195 гектар сабзавот кишт карда шуд. Дар натиҷаи заҳмати дилсӯзонаи деҳқонон аз ҳар гектар 280 сентнерӣ сабзавот, 230 сентнерӣ картошка ҷамъоварӣ гардид. Дар хоҷагии «Нури Ваҳдат»-и ноҳия бошад, аз ҳар гектар 400 сентнерӣ пиёз ва 350 сентнерӣ картошка ҷамъ оварда шуд. Тавре аз раёсати кишоварзии ноҳия иттилоъ доданд, имсол дар ноҳия ҳосил хуб аст. Картошкаю сабзавот нисбат ба соли 2009 1,5 баробар бештар ҷамъоварӣ гаштааст. Ин бошад ба фаровонҳосилӣ ва пурнозу неъмат гаштани дастурхони аҳолӣ оварда мерасонад.








29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






