БАРҚИЯИ ШОДБОШИ Э. РАҲМОН БА Р. ОТУНБОЕВА

Август 31, 2010 12:06

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба унвони Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Роза Отунбоева барқияи шодбош фиристод. Дар барқия аз ҷумла гуфта мешавад: «Мӯҳтарам Роза Исҳоқовна, Шумо ва халқи бо мо дӯсти қирғизро ба муносибати Иди Истиқлолияти Ҷумуҳурии Қирғизистон самимона табрик намуда, ба Шумо ва халқи мамлакататон сулҳу оромӣ, рӯзгори фараҳмандона ва шукуфоӣ орзу менамоям. Мо аз фазои имрӯзаи муносибатҳои дуҷонибаи дӯстона ва рушди муттасили ҳамкории мутақобилан муфиди Тоҷикистону Қирғизистон изҳори қаноатмандӣ менамоем, ки ҷавобгӯи манфиатҳои куллии халқҳои ҳарду кишвар ва тамоми минтақа мебошанд. Хурсандиовар аст, ки Қирғизистон вазъи бӯҳронии муваққатии дохилиро муттасил ва оқилона бартараф намуда, роҳу воситаҳои  таъмини созгории миллиро бо ҷидду ҷаҳд ҷустуҷӯ мекунад. Мо ба Шумо дар ин роҳ муваффақиятҳои бештар орзу намуда, тайёрем, ки дар мавриди зарурат то ҳадди имкон кӯмак расонем, зеро ин хоси муносибатҳои бародаронаи мамлакатҳои ҳамсоя мебошад. Аз фурсати мусоид истифода бурда, ба Шумо, Роза Исҳоқовнаи мӯҳтарам, саломатии комил, барори кор ва ба халқи бародари қирғиз сулҳу осоиш, созгории миллӣ ва шукуфоӣ орзу менамоям». Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти иттилоотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.   Тарҷумон Кудратов А.

Август 31, 2010 12:06

Хабарҳои дигари ин бахш

29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад