БОЗ ЯК ПАДИДАИ НАВ ДАР ФАЗОИ МАТБУОТ
Душанбе, 30 август. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).- Имрӯз дар таърихи Тоҷикистони мустақил бори аввал рӯзномаи иттилоотию таҳлилӣ ба майдони матбуот ворид шуд, ки ҳар ҳафта 5 маротиба дастраси хонандагон гардонида хоҳад шуд. Рӯзномаи «Имрӯз News» дар Вазорати фарҳанги Тоҷикистон сабти ном шудааст ва рӯзҳои душанбе, сешанбе, чоршанбе, паншанбе ва ҷумъа ҳамарӯза хабарҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва варзиширо пахш менамояд. Хусусияти хоси рӯзнома дар он ифода меёбад, ки дар муқобили рӯзномаҳои ҳизбии замони шӯравӣ, акнун дар мамлакат нашрияи мустақиле таъсис ёфт, ки ба ягон гурӯҳи сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ мансуб нест. Бояд гуфт, ки «Имрӯз News» танҳо бо забони тоҷикӣ чоп мешавад. Ҳамчунин, ҳайати таҳририяи рӯзнома нақша доранд, ки сайти интернетии онро бо забонҳои русӣ, англисӣ, форсӣ ва туркӣ пешкаши хонандагони доимии дохил ва хориҷи кишвар гардонад. Зикр кардан лозим аст, ки «Имрӯз News» — аввалин рӯзномаи ҳаррӯзаи Тоҷикистон буда, хусусияти умумиҷумҳуриявӣ дорад, вале дар навбати аввал доираи хонандагонашро дар пойтахт, ноҳияву шаҳрҳо ва шаҳракҳо вусъат хохад дод. Шиори кормандони он «Ахбор одамонро фаъол ва сарватманд мегардонад» мебошад.








Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд






