ДУЗДИИ АМВОЛ ДАР ХАТСАЙРИ МАСКАВ-ДУШАНБЕ
Душанбе, 27 август. (АМИТ «Ховар», Мавзуна Бойева). – Шикваву муроҷиати пайвастаи мусофирон ба шӯъбаи даъво ва арзу шикояти фурӯдгоҳи Душанбе ва интишори он дар ВАО аз он шаҳодат медиҳад, ки вақтҳои охир ҳодисаи дуздии амволи бағоҷи мусофирони хатсайри Маскав-Душанбе зиёд гардидааст. Дар ин бора Алишер Рустамов-сардори шӯъбаи истеҳсолӣ-тиҷоратии КВД «Фурӯдгоҳи байналмилалии Душанбе» зимни нишаст ба хабарнигорон иттилоъ дод. А. Рустамов зикр намуд, ки дар асоси супориши директори генералии КВД «Фурӯдгоҳи байналмилалии Душанбе» аз ҳисоби кормандони фурӯдгоҳ, ШКД ва гумруки назди фурӯдгоҳ гурӯҳи корӣ ташкил намуда, хатсайрҳои аз Федератсияи Русия воридмешудаи Маскав (Домодедово)-Душанбе, хатсайри №628 (Тоҷик Эйр) ва №632 (Сомон Эйр)-ро бо мақсади ошкор намудани ҳолатҳои зарар дидан ва дуздии амволи бағоҷи мусофирон дар мӯҳлати муайян мавриди санҷиш қарор доданд. Масалан, дар таърихи 16 августи соли ҷорӣ хатсайри №628 (Тоҷик Эйр)- Маскав – Душанбе мавриди санҷиш қарор гирифт. Дар натиҷаи азназаргузаронии бағоҷҳои даруни ҳавопаймо маълум гардид, ки рӯйпечи 35 адад бағоҷи мусофирон канда шуда, чанде аз ҷомадонҳоро дарронда ва занҷираи ҷомадонҳоро шикастаанд. «Ҳангоми азназаргузаронии ҷомадонҳо мусофирон арз намуданд, ки маблағҳо, телефон, плейер ва дигар лавозимоти қиматбаҳояшон дуздида шудааст», — гуфт А. Рустамов. Бояд тазаккур дод, ки мусофирони ғоратшуда пештар аз кормандони фурӯдгоҳи Душанбе гумонбар мешуданд. Бинобар ин, барои рафъи гумонҳои ғалат ва шубҳа кушодани бордони ҳавопаймо ва фуровардану дастрас намудани бағоҷи мусофирон дар ҳузури гурӯҳи корӣ сурат гирифта, наворбардорӣ шуд. «Кормандони шӯъбаи хатсайрии корҳои дохилии фурӯдгоҳи Душанбе ният доранд, ки барои муайян намудан ва ба роҳбарони фурӯдгоҳи «Домодедово» фаҳмонидани ҳолати мазкур ба шаҳри Маскав сафар намоянд», — гуфт дар хотима Алишер Рустамов.