ДУЗДИИ АМВОЛ ДАР ХАТСАЙРИ МАСКАВ-ДУШАНБЕ

Август 27, 2010 11:57

Душанбе, 27 август. (АМИТ «Ховар», Мавзуна  Бойева). – Шикваву муроҷиати пайвастаи мусофирон ба шӯъбаи даъво ва арзу шикояти фурӯдгоҳи Душанбе ва интишори он дар ВАО аз он шаҳодат медиҳад, ки вақтҳои охир ҳодисаи дуздии амволи бағоҷи мусофирони хатсайри Маскав-Душанбе зиёд гардидааст.   Дар ин бора Алишер Рустамов-сардори шӯъбаи истеҳсолӣ-тиҷоратии КВД «Фурӯдгоҳи байналмилалии Душанбе» зимни нишаст ба хабарнигорон иттилоъ дод.   А. Рустамов зикр намуд, ки дар асоси супориши директори генералии КВД «Фурӯдгоҳи байналмилалии Душанбе» аз ҳисоби кормандони фурӯдгоҳ, ШКД ва гумруки назди фурӯдгоҳ гурӯҳи корӣ ташкил намуда, хатсайрҳои аз Федератсияи Русия воридмешудаи Маскав (Домодедово)-Душанбе, хатсайри №628 (Тоҷик Эйр) ва №632 (Сомон Эйр)-ро бо мақсади ошкор намудани ҳолатҳои зарар дидан ва дуздии амволи бағоҷи мусофирон дар мӯҳлати муайян мавриди санҷиш қарор доданд.   Масалан, дар таърихи 16 августи соли ҷорӣ хатсайри №628 (Тоҷик Эйр)- Маскав – Душанбе мавриди санҷиш қарор гирифт. Дар натиҷаи азназаргузаронии бағоҷҳои даруни ҳавопаймо маълум гардид, ки рӯйпечи 35 адад бағоҷи мусофирон канда шуда, чанде аз ҷомадонҳоро дарронда ва   занҷираи ҷомадонҳоро шикастаанд. «Ҳангоми азназаргузаронии ҷомадонҳо мусофирон арз намуданд, ки маблағҳо, телефон, плейер ва дигар лавозимоти қиматбаҳояшон дуздида шудааст», — гуфт А. Рустамов. Бояд тазаккур дод, ки мусофирони ғоратшуда пештар аз кормандони фурӯдгоҳи Душанбе гумонбар мешуданд. Бинобар ин, барои рафъи гумонҳои ғалат ва шубҳа кушодани бордони ҳавопаймо ва фуровардану дастрас намудани бағоҷи мусофирон дар ҳузури гурӯҳи корӣ сурат гирифта, наворбардорӣ шуд. «Кормандони  шӯъбаи хатсайрии корҳои дохилии фурӯдгоҳи Душанбе ният доранд, ки барои муайян намудан ва ба роҳбарони фурӯдгоҳи «Домодедово» фаҳмонидани ҳолати мазкур ба шаҳри Маскав сафар намоянд», — гуфт дар хотима Алишер Рустамов.

Август 27, 2010 11:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд