Э. РАҲМОН ДАР МАРОСИМИ БА ИСТИФОДА ДОДАНИ МАКТАБИ НАВИ НОҲИЯИ ВОСЕЪ ИШТИРОК НАМУД
24 августи соли 2010 аз ноҳияи Фархор Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Восеъ ташриф оварда, нахуст дар маросими ба истифода додани мактаби нави таҳсилоти умумии рақами 53 иштирок намуд. Чунонки зимни шиносоӣ маълум шуд, ин муассисаи нави таълимӣ бо харҷи қариб 4,5 миллион сомонӣ бунёд ёфта, барои таҳсили 560 нафар хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст. Мактаб бо тарҳи замонавӣ бунёд ёфтааст ва бо шароити беҳтарини таълимиаш бояд ба яке аз мактабҳои намунавии ин минтақа табдил ёбад. Синфхонаҳои фаннии он бо техника ва технологияи муосири таълимӣ, аз ҷумла бо тахтаи электронӣ ва дигар василаҳои замонавӣ муҷаҳҳаз гаштаанд. Синфхонаи компютерии он ба шабакаи ҷаҳонии Интернет низ пайваст аст. Мактаб дорои синфхонаҳои технологияҳои истеҳсолӣ, аз ҷумла синфхонаи муҷаҳҳази дўзандагӣ мебошад. Китобхонаи он ѓанӣ аз китобҳои илмию таълимӣ ва дигар воситаҳои мактабӣ аст. Дар саҳни ҳавлии мактаби навбунёд Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарият, фаъолон ва намояндагони сершумори мардуми ноҳияи Восеъ мулоқоти озоду ошкоро анҷом дод, ки бо самимияти хосса ҷараён гирифт. Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аҳли мактаб ва мардуми ҷамъомадаро бо наздикшавии соли нави таҳсил, рўзи дониш ва солгарди 19 – уми ҷашни истиқлоли давлатии Тоҷикистон табрику таҳният гуфт. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон мардумро ҳамчунин ба риояи дурусти талаботи қуръони маҷид ва ҳадисҳои набавӣ оид ба додани хайроту садақот, закот ва фитри рўза ба эҳтиёҷмандони воқеӣ ва пешгирӣ аз зиёдаравӣ дар гузарондани расму оини динию мардумӣ ҳидоят намуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






