Э. РАҲМОН ДАР ШАҲРИ САРБАНДИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

Август 25, 2010 08:56

Нимаи дуюми рўз 24 августи соли 2010 Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз ноҳияи Ҳамадонӣ ба шаҳри Сарбанди вилояти Хатлон ташриф овард. Дар шаҳри Сарбанд бо иштироки Сарвари давлат нахуст як корхонаи нави сементбарорӣ расман ба кор дароварда шуд, ки дар он 80 нафар бо кори доимӣ ва маоши хуб таъмин мешаванд. Корхона бо иқтидори имрўзааш дар як шабонарўз 60 тонна сементи навъи 300 истеҳсол мекунад. Роҳбарияти корхона тасмим доранд, ки иқтидори шабонарўзии онро ба 240 тонна расонанд. Чунонки ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, 98% ашёи хом барои истеҳсоли семент, аз ҷумла сангу шағали махсус ва ангишт аз дохили кишвар дастрас карда мешавад. Сементи ин корхона бо нархи 60 дирам барои як килограм дар халтаҳо ба фурўш бароварда мешавад. Дастгоҳи автоматии халтапуркунии он  дар як дақиқа 18 халтаро пур мекунад. Корхонаи мазкур дар муддати кўтоҳ бо харҷи 12 миллиону 600 ҳазор сомонӣ бунёд ёфтааст. Дар ин шаҳр бо иштироки Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин як корхонаи нави коркарди ғалла расман ба истифода супурда шуд. Дар рафти шиносоӣ бо кори корхонаи нав, аз ҷумла зикр гардид, ки дар он 60 нафар аз аҳолии маҳаллӣ бо кори доимӣ таъмин мешаванд. Корхона дар як шабонарўз бо истифода аз дастгоҳҳои технологияи муосир 90 тонна гандумро коркард намуда, аз он то 80 тонна орди хушсифат истеҳсол мекунад. Дар ин корхона, асосан аз гандуми маҳаллӣ орд истеҳсол мекунанд ва нонаш, ба  гуфти ҳолдонон, хеле хушлаззат аст. Роҳбарони корхона дар ҳузури Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон тасмим гирифтанд, ки ба муносибати ба кор шурўъ намудани корхонаи нав  дар моҳи шарифи рамазон ба 163 нафар эҳтиёҷмандони шаҳри Сарбанд, ки 11 нафарашон иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945, 38 маъюб ва 114 кас ятимон мебошанд, 50 килограммӣ орд ва 10 килограммӣ биринҷ, равған ва шакар ба таври хайрия тақдим мекунанд. Бояд таъкид дошт, ки ин шумораи умумии иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945, маъюбон ва ятимони шаҳри Сарбанд мебошад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.      

Август 25, 2010 08:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Шароит ва имконияти таҳсил дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат беҳтар карда мешавад
ИҚТИСОДИ «САБЗ». Тоҷикистон барои амалисозии он заминаи муносиб фароҳам овард
Дар вилояти Суғд ҳаҷми истеҳсоли тухм афзоиш меёбад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ҶДММ «Бозори Корвон плюс» вохӯрӣ доир шуд
Интернет барои идора: чӣ тавр метавон кормандонро бо дастрасии боэътимод таъмин кард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Сокинони ноҳияи Лахш имсол дар майдони 5552 гектар картошка шинонданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Ваҳдати миллӣ асоси татбиқи ҳадафҳои стратегӣ дар солҳои соҳибистиқлолӣ мебошад
Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон яке аз муҳимтарин дастовардҳои байналмилалӣ-ҳуқуқии охири асри XX ба ҳисоб меравад