ХУДКУШИИ МАҶБУРӢ

Август 26, 2010 11:28

Душанбе, 26 август. (АМИТ «Ховар», Зебо Иноятова).- Кормандони Вазорати корҳои дохилӣ 25 август ҳангоми  гузаронидани амалиёти фаврӣ муайян карданд, ки Одинаев Фаридун Бадриддинович соли таваллудаш 1988, истиқоматкунандаи  ноҳияи Рӯдакӣ, ҷамоати Гулистон, қишлоқи Майсазор, омӯзгори мактаби таҳсилоти умумии №1, аз моҳи ноябри соли 2006 бо шаҳрванд Шаҳноза Толибоваи 20 сола оила барпо намуда, зиндагӣ мекардааст. Дар давоми зиндагӣ  Ф. Одинаев  ҳамсарашро мунтазам лату кӯб намуда, азобу машаққат медодааст, ки дар натиҷа 30 июли соли 2010  Толибова Ш. дар манзили истиқоматиаш барои худро аз ҳаёт маҳрум сохтан маҳлули сиркоро истеъмол намуда,  дар натиҷа заҳролуд шуда, ҳангоми ба беморхонаи №3 шаҳри Душанбе бурдан вафот кардааст.  Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки кормандони Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилӣ Одинаев Фаридунро дастгир намуданд. Нисбат ба ӯ парвандаи ҷиноӣ оғоз карда шуд ва тафтиши он давом дорад.  

Август 26, 2010 11:28

Хабарҳои дигари ин бахш

29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад