ИФТИТОҲИ ЯРМАРКАИ МАКТАБӢ ДАР ХУҶАНД
Душанбе, 12 август. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). – Дар арафаи соли нави хониш дар шаҳри Хуҷанд ярмаркаи мактабӣ оғоз гардид. Муовини раиси шаҳри Хуҷанд Ҳабибҷон Қӯзиев зикр намуд, ки баргузории ярмаркаи мактабӣ дар арафаи соли нави таҳсил иқдоми нек аст, зеро аз он сокинони Хуҷанд ва шаҳру ноҳияҳои атрофи он истифода мебаранд. Ҳ. Қӯзиев ба кушодашавии ярмаркаи мактабӣ ҳамчун давраи мувофиқ барои дастрас намудани ашёву лавозимоти мактабӣ баҳои баланд дода, зикр намуд, ки он на танҳо барои мактаббачагон, балки барои донишҷӯёни макотиби олӣ ва миёнаи махсус ташкил шудааст. Дар ярмарка дар қатори лавозимоти мактабӣ хамчунин аз ҷониби муассисаҳои саноати сабуки шаҳр либосҳои кӯдакона ва либосҳои махсус барои наврасон ба намоиш ва фурӯш гузошта шуда буд. Дар ин бора аз маъмурияти шаҳри Хуҷанд ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар доданд.








29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






