КУМИТАИ АНДОЗ ОГОҲ МЕКУНАД!

Август 31, 2010 10:05

Душанбе, 31 август. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).- Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии   Тоҷикистон  ба маълумоти ҳамаи супорандагони андоз аз арзиши иловашуда мерасонад, ки ҷиҳати иваз намудани «Сертификат»- и супорандаи андоз аз арзиши иловашуда бо «Шаҳодатнома»- и супорандаи андоз аз арзиши иловашуда азнавбақайдгирии супорандагони андоз аз арзиши иловашуда,  ки аз 1 июл оғоз гардида буд, 1 сентябри соли 2010 анҷом меёбад. Ба таваҷҷӯҳи  супорандагони андоз аз арзиши иловашуда расонида мешавад, ки дар сурати то 1 сентябри соли 2010 анҷом надодани азнавбақайдгирии супоридани андоз аз арзиши иловашуда, фаъолияти онҳо ҳамчун супорандаи андоз аз арзиши иловашуда ғайриқонунӣ ҳисоб шуда, дар асоси моддаи 606 Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ нисбат ба чунин  андозсупоридагон ба андозаи даҳ фоизи маблағи андоз аз арзиши иловашуда, ки  бояд барои тамоми давраи фаъолияти беқайд ба буҷет пардохта мешуд, ҷарима баста мешавад. Ҳамчунин, Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷӯҳи соҳибкорони инфиродие , ки  тавассути агент дар қаламрави шаҳри Душанбе ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул мебошанд, ба истиснои бозори «Корвон» мерасонад , ки барои бақайдгирии давлатӣ ба сифати соҳибкории инфиродӣ, яъне гирифтани  патент  барои  фаъолияти минбаъда аз санаи 16-уми августи соли ҷорӣ ба шӯъбаи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ  муроҷиат намоянд.   

Август 31, 2010 10:05

Хабарҳои дигари ин бахш

29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад