МАРГИ ЯК ЗАН БАР АСАРИ СЕЛ
Душанбе, 26 август. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – Шаби 23 ба 24-уми август бар асари боридани борони зиёду жолаҳои пуршиддат ва омадани сел ба хоҷагии халқи минтақаҳои Рашту Айнӣ хисороти зиёди моливу ҷонӣ ворид гардид. Худи ҳамон рӯз дар ноҳияи Айнии вилояти Суғд бар асари боронҳои пай дар пай ва омадани сел як нафар зани солхӯрда, соли таваллудаш 1930 ба ҳалокат расид. Офати табиӣ дар минтақаи Айнӣ 5 хонаи истиқоматиро ба пуррагӣ, 25 хоҷагии ёрирасонро қисман, 3 км роҳи мошингард ва 4 кӯпрук, дар навоҳии Рашт бошад, роҳҳои автомобилгард, 1 кӯпрук ва 1 хонаи истиқоматиро хароб кард. Тавре аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи шаҳрвандии ҶТ ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар доданд, айни ҳол дар ҷойи ҳодиса комиссия оид ба бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ кор бурда истодааст.








29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






