МУЛОҚОТИ Э. РАҲМОН БО Д. МЕДВЕДЕВ
18 августи соли 2010 дар шаҳри Сочи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Дмитрий Медведев мулоқот намуд. Дар вохўрӣ маҷмўи масоили ҳамкории дуҷониба, минтақавӣ ва байналмилалии Тоҷикистону Русия баррасӣ шуд. Дмитрий Медведев дар оғози сўҳбат аз баргузорӣ ва натиҷаҳои мулоқоти дуюми сарони давлатҳои Тоҷикистону Русия ва Афғонистону Покистон изҳори қаноатмандӣ карда, аз ҷумла таъкид дошт: «ташаббуси Шумо дар бораи ба роҳ мондани мулоқотҳои чорҷониба ба ман хеле писанд омад, зеро ин ҳамоишҳо дар баррасӣ ва ҳалли мушкилоти минтақавӣ басо муҳиманд ва мо ин гуна робитаҳоро бояд идома диҳем». Эмомалӣ Раҳмон ва Дмитрий Медведев «таҳким ва густариши минбаъдаи муносиботи шарикии стратегӣ ва иттифоқчигии Тоҷикистону Русияро аз ҳадафҳои муштараки роҳбарияти ҳарду кишвар» арзёбӣ намуданд. Таваҷҷўҳи зиёд ба густариши ҳамкории сиёсӣ, иқтисодию сармоягузорӣ, ҳарбӣ-техникӣ ва фарҳангию гуманитарӣ зоҳир карда шуд. Тезондани татбиқи лоиҳаҳои муштараки иқтисодию сармоягузории ду кишвар, аз ҷумла корҳои ҷустуҷуӣ-иктишофӣ дар конҳои газ ва сохтмони нерўгоҳҳои миёнаиқтидори обии барқӣ дар Тоҷикистон зарур шумурда шуд. Аз фаъол гаштани филиали Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М. Ломоносов дар шаҳри Душанбе ва омодагӣ ба ифтитоҳи филиалҳои ду мактаби олии дигари Русия дар Тоҷикистон ва марказҳои фарҳангию иттилоотии ду кишвар дар пойтахтҳои ҳамдигар изҳори қаноатмандӣ карда шуд. Ҳарду ҷониб ҳавасмандии худро ба таҳким ва густариши ҳамкории ҳарбӣ – техникӣ ва муборизаи муштарак бо хатарҳои ҷаҳони муосир таъкид намуданд. Дар ин бора Котиби матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуфаттоҳ Шарифзода ба АМИТ «Ховар» аз шаҳри Сочии Федератсияи Россия иттилоъ дод.