МУЛОҚОТИ Э. РАҲМОН БО ОСИФ АЛӢ ЗАРДОРӢ

Август 19, 2010 07:41

18 августи соли 2010 дар шаҳри Сочии Федератсияи Русия Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нахуст бо  Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ мулоқот намуда, масоили кунунии ҳамкорӣ ва дурнамои муносибатҳои гуногунҷанбаи ду кишварро баррасӣ намуд. Дар оғози сўҳбат Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ба Осиф Алӣ Зардорӣ барои оқибатҳои вазнини офатҳои табиӣ дар баъзе манотиқи Покистон ва талафоти зиёди ҷонӣ изҳори ҳамдардию тасаллият намуд. Аз пайвастагии робитаҳои сатҳи олӣ ва дигар сатҳу зинаҳои миёни сохторҳои марбутаи Тоҷикистону Покистон, ки тайи як соли ахир ба назар мерасад ва аз тасмимоти зиёд оид ба таҳким ва густариши муносибатҳои дўстона ва ҳамкории мутақобилан судманд изҳори қаноатмандӣ карда шуд. Фаъолтар намудани кори Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ ва таҳти назари дақиқ гирифтани рафти иҷрои санадҳои дуҷонибаи имзошуда зарур шумурда шуд. Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки «бояд Барномаи мушаххаси дарозмуддати ҳамкорӣ дар бахшҳои тиҷорат, иқтисод, сармоягузорӣ, илму техника ва фарҳанг таҳия карда шуда, созишномаи нави тиҷоратӣ ба имзо расонда шавад». Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки айни ҳол ҳамарўза аз тариқи Шерхон Бандар ва Панҷи Поён беш аз 3 ҳазор тонна борҳои покистонӣ ба Тоҷикистон ворид мешаванд ва таъкид карда шуд, ки барои густариши робитаҳои иқтисодӣ тиҷоратӣ имкону захираҳои зиёди мавҷуда бояд хуб истифода шаванд. ҳарду ҷониб ҳавасмандии худро ба пайвастани роҳҳои оҳану мошингард ва хатҳои интиқоли нерўи барқи ду кишвар аз тариқи қаламрави Афғонистон ва ба бунёди корхонаҳои муштараки саноатӣ дар Тоҷикистон таъкид намуда,  изҳор доштанд, ки баҳри тезондани татбиқи нақшаҳои имрўзаю оянда дар ин самт ҷаҳду талош мекунанд. Дар мулоқот ҳамчунин масоили вобаста ба муборизаи муштарак бо терроризму экстремизм ва дигар хатарҳои ҷаҳони муосир гуфтугўйи судманд сурат гирифт. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.  

Август 19, 2010 07:41

Хабарҳои дигари ин бахш

29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад