СОЛИ НАВИ ХОНИШ БО ДАРСИ СУЛҲ ОҒОЗ МЕЁБАД
Душанбе, 31 август.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-«Беш аз 15 ҳазор толибилмон дар пойтахт бори нахуст дар оғози соли нави таҳсили 2010-2011, ки 1 сентябр шурӯъ мегардад, по бар остонаи мактаб мегузоранд», гуфт дар сӯҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» сардори Раёсати маорифи шаҳри Душанбе Шамсулло Исломов. Мавсуф афзуд, ки 1 сентябр ҳамчун Рӯзи дониш дар тамоми мактабҳо соли нави хониш бо дарси сулҳ оғоз ёфта, толибилмон тавассути телевизион баромади Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмонро дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ки ба мавзӯи сулҳ бахшида мешавад, тамошо мекунанд. Беш аз 130 мактаби таҳсилоти ҳамагонии пойтахт таъмиру таҷдид гардида, бо таҷҳизоту воситаҳои таълимӣ муҷаҳҳаз гардидаанд, ки аз пурра омода будани дабистонҳои пойтахт ба соли нави таҳсил башорат медиҳанд. Дар маҷмӯъ, дар соли нави таҳсил наздики 170 ҳазор талаба дар пойтахт ба таҳсил фаро гирифта мешаванд. Ҳамзамон дар пойтахт 1 мактаби нав дар маҳаллаи «Бофанда» барои беш аз 1200 талаба, 2 литсей ва гимназия барои бачаҳои болаёқати шаҳр мавриди баҳрабардорӣ қарор мегиранд.








29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






