ТӮҲФА БА ҶАШНИ ИСТИҚЛОЛ
Файзобод, 25 август.(АМИТ «Ховар», Зебо Давлатова).- Имрӯзҳо кормандони шӯъбаи маорифи ноҳияи Файзобод ба соли нави таҳсил тайёрии ҳамаҷониба дида истодаанд. Аз гуфтаи сардори раёсати сохтмони ноҳия Абдусаттор Болтуев ба хабарнигори АМИТ «Ховар» маълум гардид, ки то имрӯз тамоми мактабҳои ҳудуди ноҳия бо маблағҳои буҷавӣ, ки 735851 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, пурра аз таъмири ҷорӣ бароварда шуд. Абдусаттор Болтуев афзуд, ки бахшида ба ҷашни 19-мин солгарди Истиқлолияти кишвар ду бинои мактаби нави замонавӣ ба маблағи 600 ҳазор сомонӣ сохта ба истифода дода мешавад. Ҳар ду мактаб дорои 4 синфхона , утоқи кории омӯзгорон, китобхонаҳои фаннӣ бо тамоми таҷҳизоти замонавӣ буда, дар арафаи ҷашни Истиқлолият пурра ба истифода дода мешаванд.








29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






