ТАБИБОН ДАР РӮЗИ ИДАШОН СОҲИБИ МОШИН ГАРДИДАНД
Қурғонтеппа, 19 август. (АМИТ «Ховар», Мурод Сотиев).- Дар ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон дар Рӯзи табибон боз як бинои нави беморхонаи вилоятии касалиҳои сил кушода шуд. Дар маросими тантанавии кушодашавии бинои нав Раиси вилояти Хатлон Ғайбулло Афзал иштирок карда, ҳамаи табибонро бо иди касбиашон табрик намуд. Ғ. Афзал қайд намуд, ки роҳбарияти ҷумҳурӣ ва вилоят мунтазам дар мубориза бо бемориҳои сил чораҳои зарурӣ меандешанд. Қабули Барномаи «мубориза бо бемориҳои сил барои солҳои 2003-2010» шаҳодати ин аст. «Дар ҳоли ҳозир иҷрои корҳо дар доираи Барномаи нави мубориза бо бемории сил барои солҳои 2010-2015 идома дорад. Ҳамчунин вазъи имрӯзаи беморхона дар мавриди таваҷҷӯҳ қарор дошта, барои таъмини беморхона таҷҳизоти зарурӣ ҷудо карда мешавад. Барои тармиму таъмири бинои вилоятии мубориза бо бемории сил 335 ҳазору 756 сомонӣ ҷудо шудааст»- гуфт Ғ. Афзал. Ҳамчунин ӯ қайд намуд, ки беморхонаҳои касалиҳои сили вилоят бо нақлиёт таъмин мешаванд. Худи ҳамон рӯз ба беморхонаҳои касалиҳои сили ноҳияҳои Панҷ, Қумсангир, Ҷилликӯл, Носири Хусрав ва беморхонаи вилоятӣ автомашинаи тамғаи «Нива» тӯҳфа карда шуд. Дар маросими кушодашавии бино ҳамчунин, муавини вазири тандурустии ҶТ Аъзам Мирзоев иштирок намуд.








29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






