ТАЛОШ БАРОИ ҲОСИЛИ ФАРОВОН

Август 18, 2010 14:55

Турсунзода, 18 август. (АМИТ «Ховар», Ҳотам Рабиев).- «Дар ҳақиқат соли ҷорӣ деҳқонони ноҳияи  мо  дар  масоҳати  2960 гектар ҳосили фаровони  пахта парвариш намудаанд, ки  рӯзҳои наздик  ба ҷамъоварии он  шурӯъ  менамоянд»,- иброз дошт сардори  идораи  кишоварзии  ноҳияи Турсунзода  Ҳабибулло Муллоев  ба хабарнигори АМИТ «Ховар».  Парвариши  ниҳолҳои  пахта, бахусус  дар хоҷагиҳои  «Дӯстӣ»,  ба номи Аскаралӣ  Мирзоев, ба номи  Қурбоналӣ  Бӯриев, « Намуна», «Ҳақиқат» ва дигар хоҷагиҳо  хуб аст. Баланд гаштани нархи  пахта дар бозори  ҷаҳонӣ имкон дод, ки  деҳқонон  ба парвариши   пахта боз ҳам  ҳавасманд шаванд, афзуд Ҳ Муллоев. Дар хоҷагиҳои ноҳияи  Турсунзода  деҳқонони  соҳибтаҷриба хеле зиёданд. Онҳо ҳамасола тавассути меҳнати  самарабахш  ҳосили  фаровони ғалла, пилла, меваю сабзавот ва дигар маҳсулотро  ҷамъ меоранд. Имсол низ кишоварзон   баҳри ҷамъоварии  ҳосили фаровон  саъю кӯшиш доранд. Деҳқонони ноҳия   то имрӯз дар  масоҳати ҳазору  100 гектар кишти  такрорӣ гузаронидаанд.  

Август 18, 2010 14:55

Хабарҳои дигари ин бахш

29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад