ТАЪМИНИ АМНИЯТ ДАР РӮЗҲОИ ҶАШН ПУРЗӮР КАРДА МЕШАВАД

Август 26, 2010 11:02

Душанбе, 26 август.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Бо мақсади пуршукӯҳ ва дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашни 19-умин солгарди Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пойтахт Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев қарор ба тасвиб расонд. Дар асоси қарори мазкур муовинони раиси шаҳр, раисони чор ноҳияи пойтахт ва  роҳбарони сохторҳои  марбутаи шаҳри Душанбе  дар мувофиқа бо сохторҳои ҷумҳуриявӣ муваззаф гардидаанд, ки тамоми шароити заруриро барои дар сатҳи баланд ва сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 19-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе  муҳайё сохта, ороиши  идонаи шаҳрро  дар сатҳи баланд ба роҳ монанд. Тибқи ин қарор, ҳамзамон  Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе, Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе вазифадор гардидаанд, ки дар рӯзҳои таҷлили ҷашни Истиқлолияти давлатӣ дар пойтахт  баҳри таъмини амнияти шаҳрвандон, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ чораҳои иловагӣ андешанд. Котиби матбуотии Раиси шаҳри  Душанбе Шавкат Саидов ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки дар асоси ин қарор аз сокинони пойтахт даъват ба амал оварда шудааст, ки дар рӯзҳои  ҷашни Истиқлолият тартиботи ҷамъиятӣ ва Маромномаи сокини пойтахтро риоя намоянд.

Август 26, 2010 11:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад