ТАРҒИБИ КАСБОМӮЗӢ АЗ ҶОНИБИ МАРКАЗИ ТАЪЛИМИИ ОМӮЗИШӢ
Душанбе, 24 август. (АМИТ « Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).- Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази таълимии омӯзиши модулии шаҳри Душанбе» вобаста ба баргузории «Рӯзҳои дарҳои кушод» дар муассисаҳои таълимии Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират як қатор чорабиниҳоро ба сомон расонид. Дар «Маркази таълимии омӯзиши модулии шаҳри Душанбе» касбҳои асосҳои омӯзиши компютер, ҳисоби муҳосибӣ, кафшергари газӣ-барқӣ, челонгари таъмири автомобилҳо ва дӯзанда омӯзонида мешаванд. Тавре аз бахши робита бо ҷомеаи Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, фарогирии омӯзиши касбҳо дар марказ ба тариқи ройгон ва худмаблағгузорӣ ба роҳ монда шудааст. Баъди се моҳи омӯзиш касбомӯз як моҳ ба таҷрибаомӯзӣ фиристода шуда, баъдан мустақилона ба кор шурӯъ мекунад.








29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






