ТАРҒИБИ КАСБОМӮЗӢ АЗ ҶОНИБИ МАРКАЗИ ТАЪЛИМИИ ОМӮЗИШӢ

Август 24, 2010 15:19

Душанбе, 24 август. (АМИТ « Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).- Корхонаи воҳиди  давлатии «Маркази  таълимии омӯзиши  модулии  шаҳри Душанбе» вобаста  ба баргузории  «Рӯзҳои   дарҳои кушод»  дар муассисаҳои  таълимии Агентии  давлатии ҳифзи  иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ  ва муҳоҷират  як қатор  чорабиниҳоро ба  сомон расонид. Дар «Маркази таълимии омӯзиши  модулии шаҳри  Душанбе» касбҳои асосҳои омӯзиши компютер,  ҳисоби  муҳосибӣ, кафшергари газӣ-барқӣ, челонгари таъмири  автомобилҳо ва дӯзанда омӯзонида мешаванд. Тавре аз бахши  робита бо ҷомеаи  Вазорати  меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ ба  мухбири  АМИТ «Ховар» хабар доданд, фарогирии омӯзиши  касбҳо дар марказ  ба тариқи  ройгон ва  худмаблағгузорӣ  ба роҳ монда  шудааст. Баъди се моҳи  омӯзиш  касбомӯз  як моҳ ба  таҷрибаомӯзӣ  фиристода шуда, баъдан мустақилона  ба кор шурӯъ мекунад.

Август 24, 2010 15:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад