ТАРБИЯИ НАСЛИ НАВРАСИ СОЛИМ-АСОСИ РУШДИ ҶОМЕА
Душанбе, 11 август. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Дар вилояти Суғд барномаи вилоятии кор бо ноболиғон барои солҳои 2010-2015 тасдиқ гардид. Аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки барнома ба татбиқи сиёсати давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои инкишоф ва тарбияи насли навраси солим ва ҳамчунин ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии кӯдакони ятим равона карда шудааст. Мақсади асосии Барнома аз татбиқи сиёсати давлатӣ оид ба баланд бардоштани сатҳи ҳуқуқӣ ва тарбияи ноболиғон, ташаккули ҳисси ватандӯстӣ, эҳтиром нисбат ба Конститутсия ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии кӯдакон, паст намудани сатҳи ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон, таъмини ташкили оилаи солим ва дар муҳити он ба тарбия фаро гирифтани наврасон, паст намудани сатҳи аз таълими ҳатмии миёна дур мондани ноболиғон ва ташкили фароғати кӯдакон иборат аст. Татбиқи барнома имконият медиҳад, ки ҳисси масъулиятшиносӣ ва меҳнатдӯстии ноболиғон инкишоф ёфта, ба ҳаёти ҷамъиятӣ ворид шудани насли наврас ҳамчун аъзои комилҳуқуқи ҷомеа афзоиш ёбад.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






