ТАШКИЛИ МАКТАБИ ШАБОНАРӮЗИИ МАХСУС

Август 26, 2010 14:21

Душанбе, 26 август.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Дар оғози соли нави таҳсили 2010-2011 дар пойтахт мактаби ибтидоии шабонарӯзии таҳсилоти махсус кушода мешавад. Дар ин хусус Раиси шаҳри Душанбе қарор ба имзо расонд. Мактаби мазкур  бо мақсади  фароҳам овардани  шароити мусоид барои  таълиму тарбия  ва офияти  кӯдакони нобино ва узви босираашон суст дар заминаи  синфҳои ибтидоии   шабонарӯзии  назди мактаби таҳсилоти  умумии №56 ноҳияи Сино  ташкил карда мешавад. Котиби матбуотии Раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки тибқи қарори М. Убайдуллоев сардори Раёсати маорифи шаҳри Душанбе Шамсулло  Исломов вазифадор гардидааст, ки оинномаи мактаби мазкурро таҳия  ва аз қайди давлатӣ гузаронида, воҳидҳои кории онро дар мувофиқа бо Сарраёсати молияи шаҳри  Душанбе  таҳия ва тасдиқ намояд. Назорати иҷрои қарори мазкур ба ӯҳдаи муовини Раиси шаҳр Санавбар Раҳимова вогузор шудааст.

Август 26, 2010 14:21

Хабарҳои дигари ин бахш

29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад