ЯРМАРКАИ САНОАТӢ ВА ПЕШНИҲОДИ МАҲСУЛОТИ АРЗОН

Август 25, 2010 16:18

Душанбе, 25 август. ( АМИТ «Ховар», Мавзуна Бойева) — Дар асоси супориши вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гул Шералӣ 28 августи соли ҷорӣ дар кӯчаи Исмоили Сомонӣ, шаҳри Душанбе (назди беморхонаи Қарияи боло) намоиш ва фурӯши маҳсулоти хӯрокӣ баргузор мегардад. Дар намоиш маҳсулоти корхонаҳои хӯроквории Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла корхонаҳои КВД «Гӯшту шир», КВД «Ғалла», КВД «Хӯрокворӣ» гузошта хоҳад шуд. Мавриди тазаккур аст, ки дар намоиш маҳсулот гуногуни хӯрокворӣ, аз қабили гӯшту шир ва маҳсулоти аз он истеҳсолгардида, шарбату нӯшокиҳо, равғанҳо дар зарфҳои гуногунҳаҷм, меваю сабзавоти консервагӣ, маҳсулоти нонӣ бо нархҳои нисбатан арзон ба фурӯш бароварда мешаванд. Аз ҷониби Вазорат мунтазам баргузор намудани чунин намоишҳо ба нақша гирифта шудаанд.

Август 25, 2010 16:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд