ҒОРАТГАРӢ ДАР РӮЗИ РАВШАН

Сентябрь 2, 2010 13:31

Душанбе, 2 сентябр. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). – 31 августи соли равон ба шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Фирдавсӣ аризаи шаҳрванд Кузнетсова Ирина, соли таваллудаш 1972, истиқоматкунандаи пойтахт ворид гардид. Дар он гуфта шудааст, ки 31 августи соли равон дар маҳаллаи 64-ум, воқеъ дар кӯчаи Фирдавсӣ шахси номаълум ошкоро аз дасташ ҷайбдонашро, ки дар дохилаш 120 сомонӣ ва 1 адад телефони мобилии тамғаи «Нокиа-2700» буда, маблағи умумиашон 700 сомониро ташкил медод, тасарруф намуда, ғайб задааст. Тавре аз дафтари матбуоти ВКД ҶТ иттилоъ доданд, дар вақти гузаронидани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ шаҳрванд Тағоев Ҷалолиддин, соли таваллудаш 1988, истиқоматкунандаи маҳаллаи Гулбуттаи пойтахт  дастгир карда шуд. Нисбат ба ин далел парвандаи ҷиноӣ оғоз шуда, тафтиш идома дорад.  

Сентябрь 2, 2010 13:31

Хабарҳои дигари ин бахш

29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад