Қ. РАСУЛЗОДА ҚАРОРРО ДАР БОРАИ СОХТМОНИ НЕРӯГОҲҲОИ НАВ БА ИМЗО РАСОНД
Душанбе, 13 сентябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Бо мақсади таъмини иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба бунёди нерӯгоҳҳои хурду миёна раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода «Дар бораи Барномаи дарозмуддати бунёди силсилаи нерӯгоҳҳои хурди барқӣ дар давраи солҳои 2009-2020» қарори махсус ба тасвиб расонд. Мутобиқи қарори мазкур бунёди нерӯгоҳҳои барқи обии хурд, аз қабили «Дашти Оббурдон»-и ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ бо арзиши 84 ҳазор доллари ИМА, «Зеробод»-и ноҳияи Айнӣ бо арзиши 84 ҳазор доллари ИМА, «Пунғус»-и ноҳияи Ашт бо арзиши 72 ҳазор доллари ИМА, «Басманда»-и ноҳияи Ғончӣ бо арзиши 84 ҳазор доллари ИМА ба нақша гирифта шудааст. Инчунин, бунёди нерӯгоҳҳои барқи обии миёна, аз ҷумла «Ворух» дар ноҳияи Исфара бо арзиши 600 ҳазор доллари ИМА, «Катасой»-и ноҳияи Истаравшан бо арзиши 3 миллиону 600 ҳазор доллари ИМА, «Падруд» дар ноҳияи Панҷакент бо арзиши 1 миллиону 361 ҳазор доллари ИМА, «Падаск»-и ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ бо арзиши 1 миллиону 56 ҳазор доллари ИМА, «Марзич»-и ноҳияи Айнӣ бо арзиши 3 миллиону 433 ҳазор доллари ИМА, «Хитой» дар ноҳияи Ҷаббор Расулов бо арзиши 3 миллиону 600 доллари ИМА ва амсоли инҳо бо сармояи ватаниву хориҷӣ пешбинӣ гардидаанд.








Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд






