«ҲАФТАИ ОЛМОН – 2010 ДАР ТОҶИКИСТОН»

Сентябрь 23, 2010 14:38

Душанбе, 23 сентябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).-  Тавре аз бахши робита бо ҷомеаи Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, сафоратхонаҳои Ҷумҳурии Федеролии Олмон дар Осиёи Марказӣ  ва Институти ба номи Гёте бо дастгирии ҳамаи ташкилоту  намояндагиҳои Олмон, ки дар минтақаи мазкур дар соҳаҳои фарҳанг, иқтисод ва рушд фаъолият мекунанд, соли равон аввалин маротиба «Ҳафтаи Олмон – 2010 дар Осиёи  Марказӣ» — ро ташкил менамояд.     Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи Олмон – 2010» бо баргузор гардидани намоишҳои ахбории ташкилоту намояндагиҳои Олмон дар Тоҷикистон ифтитоҳ меёбад. Дар он ташкилоту намояндагиҳо ба монанди Ташкилоти Ҳамкории Техникии Олмон (GTZ) , Бонки Олмонӣ оид ба рушд (KFW), Хадамоти Олмонӣ оид ба рушд (DED) Хадамоти Мубодилаи Илмии Олмон (DAAD), Маркази омӯзиши забонҳо, CARITAS, Созмони Агроаксияи Олмон (DWHH) ва дигарон оид ба кору фаъолияти худ дар Тоҷикистон  маълумот пешниҳод намуданд.   Дар намоишгоҳ стендҳои иттилоотии гуногун ва маърӯзаҳои ҷолиб дар мавзӯъҳои «Устувории рушди иқтисод», «Тандурустӣ», «Маориф», «Туризм», «Энергия», «Муҳити Зист», «Об» ва ғайраҳо пешкаш гардонида мешаванд.               

Сентябрь 23, 2010 14:38

Хабарҳои дигари ин бахш

29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад