«ҲАФТАИ ОЛМОН – 2010 ДАР ТОҶИКИСТОН»
Душанбе, 23 сентябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).- Тавре аз бахши робита бо ҷомеаи Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, сафоратхонаҳои Ҷумҳурии Федеролии Олмон дар Осиёи Марказӣ ва Институти ба номи Гёте бо дастгирии ҳамаи ташкилоту намояндагиҳои Олмон, ки дар минтақаи мазкур дар соҳаҳои фарҳанг, иқтисод ва рушд фаъолият мекунанд, соли равон аввалин маротиба «Ҳафтаи Олмон – 2010 дар Осиёи Марказӣ» — ро ташкил менамояд. Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи Олмон – 2010» бо баргузор гардидани намоишҳои ахбории ташкилоту намояндагиҳои Олмон дар Тоҷикистон ифтитоҳ меёбад. Дар он ташкилоту намояндагиҳо ба монанди Ташкилоти Ҳамкории Техникии Олмон (GTZ) , Бонки Олмонӣ оид ба рушд (KFW), Хадамоти Олмонӣ оид ба рушд (DED) Хадамоти Мубодилаи Илмии Олмон (DAAD), Маркази омӯзиши забонҳо, CARITAS, Созмони Агроаксияи Олмон (DWHH) ва дигарон оид ба кору фаъолияти худ дар Тоҷикистон маълумот пешниҳод намуданд. Дар намоишгоҳ стендҳои иттилоотии гуногун ва маърӯзаҳои ҷолиб дар мавзӯъҳои «Устувории рушди иқтисод», «Тандурустӣ», «Маориф», «Туризм», «Энергия», «Муҳити Зист», «Об» ва ғайраҳо пешкаш гардонида мешаванд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






